Моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи чоруми машваратии роҳбаони давлатҳои Осиёи Марказӣ 21 июли соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида буд. Дар он масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар вокуниши муштарак ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавӣ бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ, идомаи табодули фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шуд.
Дар ҳошияи вохӯрӣ санадҳои ниҳоӣ қабул карда шуданд. Аз ҷумла, сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ изҳороти муштарак қабул намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки рамзи ягонаи вохӯрии машваратӣ дар ҷаласаи сеюм аз ҷониби сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ шуда, муттаҳидии мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро таҷассум менамояд.