Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 24-26 феврали соли 2023, соати 9-00 ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо дар майдони назди Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор мегардад.