Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳои се кумитаи умумӣ қариб 250 вакил аз 50 давлати дунё масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмӣ технологӣ, гуманитарӣ ва муҳити зист, инчунин демократия, ҳуқуқи инсон ва якчанд масъалаҳои дигари мубрами сатҳи ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия имрӯз бо суханронии масъулини Ассамблеяи парлумонии созмони мазкур ба итмом мерасад.