РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар Донишгоҳи ба номи Сулейман Демирели Алмаато баргузор шуд

23 феврали 2023 дар Донишгоҳи ба номи Сулейман Демирел аз ҷониби донишҷӯйёни тоҷики ин донишгоҳ чорабинии фарҳанги баргузор карда шудааст. Дар ин бора аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Алмаато хабар доданд.

Ба итттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур донишҷӯйёни тоҷик ҳозиринро бо таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоиру нависандагон, бузургон ва олимони тоҷик, инчунин бо ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ тарзи тайёр кардани таъоми миллии тоҷикиро ба ҳозирин равшан нишон доданд.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкурро Ректори донишгоҳ Игенбаев Алимжан ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Равшан Бобохонзода ифтитоҳ бахшида, оид ба фаъол будани донишҷӯйёни тоҷик дар донишгоҳ, ташаббус нишон додан дар чорабиниҳо ва вохӯриҳои донишгоҳ ва таърихи қадима доштани фарҳанги тоҷикон сухан ронданд.

Донишгоҳи Сулаймон Демирел соли 1996 бо иштироки нахустин президенти Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев ва президенти 9-уми Туркия – Сулаймон Демирел кушода шудааст. Ҳадафи асосии Нақшаи стратегии рушди донишгоҳ, ин ба яке аз беҳтарин шудани донишгоҳҳои байналмилалӣ дар кишвар ва дар саросари Осиёи Марказӣ мебошад. Донишгоҳ дар шаҳри Каскелен ҷойгир шуда, дорои кампуси замонавӣ бо масоҳати 46 000 метри мураббаъ ва хобгоҳ бо масоҳати 20 000 метри мураббаъ, ки ба ҳама талаботҳои замонавӣ ҷавобгӯ аст, бунёд ёфтааст. Имрӯз Донишгоҳи ба номи Сулейман Демирел дорои 428 профессор ва зиёда аз 8000 донишҷӯ мебошад, ки аз ин 113 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ, аз 16 кишвари дунё ташкил медиҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram