РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ ангишт тақсим карда шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ  зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумаки навбатӣ расонида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

24 феврал дар шаҳри Хоруғ комиссияи махсус таъсис дода шуда, ба ҳар оилаи аз офати табиӣ зарардида  1500 кг ва дар маҷмуъ ба ҳамаи онҳо  48 тонна ангишт  кумак карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят кумак расонида шуд.    Дар маҷмуъ, дар натиҷаи ин офати табиӣ аҳолӣ дар  шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа зарар дидаанд.

Кумак дар ҳаҷми  40 тонна  буда, асосан  либоси зимистона, пойафзол, хӯрокворӣ ва кати хобро дар бар мегирад.

Тибқи нақша  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба хонаводаҳои зарардида дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  боз кумак мерасонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram