РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе оид ба таҳкими иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ёдгориҳо семинар баргузор шуд

Дар шаҳри Душанбе Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) семинар оид ба рушди иқтидори кормандони соҳаи ҳифзи ёдгориҳоро баргузор намуд.

Ҳадаф аз танзими ин чорабинӣ таҳкими абзорҳои ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихии кишвар ва тарғибу ташвиқи он ҷиҳати ворид намудан ба феҳристҳои ёдгориҳои ҷаҳонӣ мебошад. Иштирокдорони семинари мазкур дар бораи механизмҳое, ки дар конвенсияҳои байналмилалӣ дар ин мавзуъ пешбинӣ шудаанд, маълумоти бештар гирифтанд.

Дар нишасти болозикр мутахассисон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, дар анҷоми он ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram