РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Музаффар Ҳусейнзода бо мудири Дафтари аврупоии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) вохӯрӣ намуд

27 феврали соли 2023 дар ҳошияи бахши сатҳи баланди иҷлоси 52-юми Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо иҷрокунандаи вазифаи мудири Дафтари аврупоии Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) хонум Силви Мотар сурат гирифт.

Дар мулоқот рушди ҳамкорӣ доир ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, таҳқиқоти обшавии пиряхҳо, мониторинг ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Махсусан, зикр гардид, ки қабули қатъномаи СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди мақсадноки байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ба саъю кушишҳои глобалӣ барои нигоҳдории пиряхҳо аз обшавӣ такон бахшида, ба тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи Созишномаи Париж саҳми назаррас мегузорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram