Дар ҷараёни баргузории 15-умин Анҷумани Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ва Форуми Донишгоҳи шабакаи АвруОсиё, ки санаи 2-3-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Масква дар пояи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов баргузор гардид, ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо зумрае аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро, ки рӯзҳои наздик дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки Форуми мазкур дар мавзӯи «Робитаҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси инкишофи иқтисодиёти миллӣ» доир гардида, дар таҳким ёфтани ҳамкориҳои бисёрсамта мусоидат хоҳад кард.