3 март таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи нахустини коршиносон ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ барои давраи то соли 2030 баррасӣ карда шуд.Дар ин бора котиботи ин Созмон хабар медиҳад.
Стратегия самтҳои асосии пешбурди ҳамкории сармоягузорӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ ва дигар шаклҳои иқтисодиро дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай муайян мекунад.
Ташаббуси таҳияи Стратегия аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе 17 сентябри соли 2021 пешниҳод гардида, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмон 16 сентябри соли 2022 дар Самарқанд тасдиқ карда шуд.