6 марти соли 2023 дар шаҳри Дубай бо ташаббуси сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд брифинг бахшида ба омодагиҳо ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (22-24 марти соли 2023, ш.Ню-Йорк) баргузор гардид. Брифингро роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шарифӣ ва Подшоҳии Нидерланд Доуве Буземан ҳусни оғоз башиданд.
Зимни баромад сафири Тоҷикистон қайд кард, ки чорабинии байналмилалӣ таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр баргузор мегардад, ки инъикосгари аҳамияти вижаи рӯзномаи ҷаҳонии об ва намунаи барҷастаи ҳамкории муассири як кишвари болооб ва як кишвари поёноби дар минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ ҷойгиршуда дар ҳалли масоили умдаи инсоният мебошад.
Дар брифинг доираи васеи намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарон ва кормандони созмонҳои байналмилалии муқими Амороти Муттаҳидаи Араб, дастандаркорон ва коршиносони соҳаи об ширкат доштанд.