Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Раиси Девони муҳосиботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ҳуссом Абдулмуҳсин Ал-Анқарӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки дар таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ моҳи майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-27 январи соли 2017 ба Подшоҳӣ сафари расмии ҷавобӣ намуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар айни ҳол муносибатҳои мутақобилаи судмандро гурӯҳҳои дӯстӣ миёни ҳар ду парлумон идома медиҳанд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти пешгирии паҳншавии терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳое, ки боиси номуътадилии авзои минтақа мегарданд, ба нафъи ҳарду давлат хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.