РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДМТ башида ба Рӯзи матбуот маҳфили илмӣ доир гардид

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуот» маҳфили «Ҳамзамон» баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода  иброз дошт, ки “матбуоти тоҷик дар таърихи 111-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ, новобаста аз сиёсати замон ҳамеша ба он содиқ буд ва имрӯз низ ҳаст”.

Дар анҷоми ҳамоиш зумрае аз роҳбарон ва намояндагони ВАО бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чанд нафар  рӯзноманигор ҷиҳати ҳамкории пайваста бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуд.

Дар фарҷом роҳбарияти донишгоҳ дар робита ба рушди ҳамкорӣ, таъсиси телевизиони донишгоҳ дар пояи факултети журналистика ва баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram