РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» оғоз ёфт

Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» оғоз ёфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ.

Дар кори конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.

Дар конфронс нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил ва баррасӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram