РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ ва Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

16 март ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай вохӯрӣ намуданд. Меҳмонон — доктор Муҳаммад Комил Муайнӣ, муассис ва раиси Донишкадаи байналмилалии дипломатияи фарҳангии Дубай (АМА), доктор Юсуф Ал-Собирӣ (собиқ Сафир), Раиси Шурои мудирони Донишкадаи мазкур ва доктор Аҳмад Ал-Ҷарвон, аъзои Шурои мудирони Донишкада буданд. Дар ин бора аза ДМТ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ректори донишгоҳ аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ ва барномаҳои таълимӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳодҳои судманд намуд.

Муҳаммад ал-Муайнӣ зимни суханронии хеш рушди масъалаҳои таълиму таҳқиқ: омода намудани мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию таълимиро ҳадафи ташрифи худ унвон намуд.

Дар охир ҷонибҳо дар самти ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ пешниҳодҳои судманд намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram