Китоби нави адиби тоҷик Шераки Ориён бо номи «Кӣ ба мақсад мерасад?» чоп шуд. дар ин бора муаллиф хабар дод.
Китоби мазкур аз ҳикояҳо фароҳам омадааст, ки барои наврасон пешбинӣ шудааст.
Нигоштаҳои Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) ҳамчунин зери таъсири хотираҳои наврасӣ ва бачагӣ иншо шуда, ки дар китобҳои «Обхез», «Вақте ки дорбоз омад», «Аспи охирини шаҳр», «Мастура», «Ду бузургмард», «Қиссаҳои таърихӣ», «Ҳикояти Нанай ва Деваштич», «Ҳафткўл», «Фасонаҳои Хуталон», «Се диловари як кишвар», «Писарак Варғуман ва духтарак Уғдғунчаи ҳунарпанҷа», «Саразм ва баъди Саразм» ва ғайра ба чоп расидаанд.
Нашриёти байналхалқии «Имак Офсет» бо дастгирии ташкилоти «Усаид»-и Амрико китоби бачагонаи Шераки Ориён «Саргузашти гандум»-ро бо забони инглисӣ дар намуди мунаққашу ранга ду маротиб ба табъ расонид.
Дар китобҳои дар Русия ба нашррасидаи ин муаллиф, яъне «Когда ушел дорбоз», «Последный конь», «Тигриное ущелье» ва монанди инҳо ҳамчунин ҳикояву қиссаҳо зиёданд вобаста ба бачагону наврасон.
Нигоштаҳои Шераки Ориён боз бо фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳиндӣ, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, белорусӣ, ўзбекӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ, яъне ҷамъулҷамъ ба чилу ду забони хориҷӣ тарҷума шудаанд. Вай муаллифи зиёда аз сад китоби нашршуда мебошад, яъне 93-то бо тоҷикӣ, 11-то бо русӣ, сето бо инглисӣ ва сето бо ўзбекӣ.
Шераки Ориён доири бачагон филмномаҳо низ офаридааст, ба мисли синамои тасвирии (мултфилми) «Саргузашти гандум», «Шохачае, ки ба қаламча бадал биёфт», «Достони нур» ва киноҳои номвари бадеӣ бо номњои «Қадри дўст», «Афсонаи зиндагт», ки ҷоизаҳои байналхалқиро сазовор гардидаанд. Яъне Шераки Ориён муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ ва тасвирӣ ба шумор меравад. Филмҳояш «Дўстонро намефурўшанд», «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Ҳолат», «Насл» ва ғайра дар кишварҳои зиёди олам дар намоиш гузошта шуда, эҷодиёташ ба ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ мушарраф гардидааст…