РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: таҳти унвони «Меҳри Ватан» китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб чоп шуд

 «Меҳри Ватан» — таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб чоп гардид.

Ин 60-умин китоби маҳсули килки эҷоди меҳанпарваронаи шоир аст, ки ашъори дар солҳои мухталиф офаридаи ӯро дар бар мегирад. Дар ҳар шеъри он сухану маънои тозае аз боби ватандорӣ ба назар расида, хонандаро ба роҳи нангу номус ва ҳифзи қаламрави аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Китоби мазкур бо теъдоди 1000 нусха як рӯз қабл аз ҷашни мавлуди шоир тавассути нашриёти «ЭР-Граф» аз чоп баромад.

Муҳаммад Ғоиб дар Тоҷикистон ва берун аз он маҳбубияти хос дошта, муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон», «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»  ва ғайра мебошад.

Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин шуда, бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов сарфароз гардидааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram