Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои обӣ ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Подшоҳии Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад, машварати илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд.
Таъкид гардид, ки машварат дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда гардида, ҳалли проблемаи об дар дунё инсониятро аз мушкилоти рақами яки сайёра наҷот медиҳад. Дар машварати мазкур ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаи ҷаҳонии об таърихӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси хеш башариятро аз норасоии оби тоза ва мушкилоти ба он вобаста наҷот доданд, ки ин барои мо ифтихори бузург мебошад.
Ҳамчунин дар қисмати ифтитоҳии машварат директори котиботи байналмилалӣ оид ба об Оливер Норманд иброз намуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об сутуданист ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он хушҳол мебошад, чунки ҳалли масъалаи норасоии об имрӯз хеле муҳим мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки машварат дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва бо ибтикори кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Намояндагии котиботи байналмилалии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар машварат намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзаи дарёи Сир, намояндагони соҳаи маорифи вилоят ва 10 нафар хонандагони фаъоли мактаюбҳо иштирок намуданд.
Аз ҷониби ташкилкунандагони машварат оид ба сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аксияҳои гуногун гузаронида шуд.