17 март дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як чорабинии бошукӯҳ ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид. Дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва кор бо занону оила баргузор гардида, дар он Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Муминзод Камолиддин, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, роҳбарону кормандони зерсохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ саҳни Кумита барои истиқболи шоиста аз ин ҷашни байналмилалӣ ба таври идона ороста шуда, аз ҷониби зерсохторҳои Кумита намоиши дастархонҳои идона баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар ҷаҳонбинии ниёгони мо Наврӯз таҷассуми пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад. Ва табиист, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсондӯстонаву хайрхоҳона ба ҳеҷ гуна маҳдудият тобеъ намегардад.
Пас аз суханронии табрикотӣ қисмати фарҳангии чорабинӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.