Наврўз танҳо хосси як кишвар нест. Ба ҷуз аз Тоҷикистон дар бисёре аз давлатҳо (аз ҷумла, дар саросари Шарқи Наздик, Балкан, Қазоқистон, Тотористон, Осиёи Марказӣ, Чини Шарқӣ, Судон, Занзибар, Осиёи Хурд, саросари Қафқоз то Астрахан ва инчунин Амрикои Шимолӣ, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Бутан, Непал ва Тибет) Наврўз таҷлил мешавад. Ҳоло мо чанд фарқи Наврўзи Тоҷикистонро аз дигар мамлакатҳо ҷўё мешавем.
Барои таҷлил аз Наврўз дар манотиқи шаҳрҳо, бахусус, дар Душанбе-пойтахти кишвари азизи мо, як ҳафта пеш шиорҳо насб мешавад. Дар ин лавҳаҳо шиорҳоеро хондан мумкин аст, ки аз фарорасии Наврўз хабар медиҳанд. Пас аз он ки таҷлили Наврўз дар саросари ҷаҳон дар соли 2012 сабти ном шуд, таҷлили ин ҷашн дар саросари Тоҷикистон аҳаммияти бештар пайдо кард. Имрўзҳо дар марказҳои вилояту навоҳии мамлакат ҷашни Наврўз бо шавқу завқи бештар баргузор мешавад.
21 март — оғози Наврўз
Дар Тоҷикистон Наврўз аз 21 март оғоз мешавад ва ин яке аз фарқҳои байни мо ва дигар ҷашнгирандагони Наврўз мебошад, зеро дар дигар кишварҳо аз 21 апрел ва ё 20 март оғоз мешавад.
Наврўз, Наврўзшоҳ, Наврўзгул, Наврўзмоҳ…
Агар дар арафа ва рўзҳои таҷлили ҷашни Наврўз дар Тоҷикистон тифле ба дунё ояд, онро Наврўз, Наврўзшоҳ, Наврўзгул, Наврўзмоҳ ва умуман бо алоқамандӣ ба Наврўз ном меноманд, ки як далели хушрўзӣ ва сарзабии тифли навзод дониста мешавад.
Пухтани суманак
Чанд рўз пеш аз баҳор бонувони тоҷик суманак мепазанд ва баҳорро ҳамин тавр пешвоз мегиранд. Онҳо гандумро дар зарфҳои кушод тар карда, сабзидани тухмии гандумро интизор мешаванд. Суманак муҳимтарин ғизои тоҷикон дар рўзҳои Наврўз аст. Дар рўзи пухтани он, ки то субҳи дигар давом мекунад, занону духтарон рақсу суруд мехонанд, ва албатта, ҳамон суруди маъруфи “Суманак дар ҷўш мо кафча занем…” Дар тамоми шаҳру деҳоти мо маросими пухтани Суманак баргузор мешавад, ки танҳо хосси тоҷикон аст.
Аз Ҳафтсин то Ҳафтмим
Наврўз дар аксари давлатҳо танҳо бо суфраи ҳафтсин таҷлил мешавад, аммо дар Тоҷикистон суфраҳои ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмимро низ дар хонаҳо омода мекунанд. Шакар, шона, шамъ, шинӣ, шарбат, ширбиринҷ -Ҳафтшини тоҷиконанд.
Хафтсини мо ҳам аз Ҳафтсини дигарон фарқ дорад. Дар хони Ҳафтсини тоҷикон сир,себ, сабзӣ, санҷид, сирко, суманак, сипанд гузошта мешавад. Дар дигар ҳавзаҳои Наврўз инчунин, тухми ранга, оина ва моҳӣ низ гузошта мешавад.
Дар Ҳафтмим мева, мағз, моҳӣ, мураббо, маскатӣ (навъи ширинӣ), мост ва май гузошта мешавад, ки ин ойини наврўзӣ имрўз танҳо дар тоҷикон дида мешавад.
Омодагии шаҳру деҳот ба Наврўз
Як ҳафта пеш аз Наврўз ҳама шаҳру деҳотро дар Тоҷикистон оро медиҳанд. Дар хиёбонҳои асосии ҳар як шаҳри Тоҷикистон мизҳои «Ҳафтсин», «Ҳафтшин» ва «Ҳафтмим» гузошта мешаванд. Масалан, дар шаҳри Душанбе дар хиёбонҳои Рўдакӣ ва Исмоили Сомонӣ мизҳои калон ороста мешаванд. Мардуми мо дар ҷашни Наврўз ба кўчаҳо мебароянд ва ҳама дар таҷлили он иштирок мекунанд. Воқеан, Наврўз дар Тоҷикистон на танҳо табиатро дигар мекунад, балки тамоми шаҳру деҳот ва аҳолии онҳоро ба зиндагии нав даъват менамояд. Таҷлили расмии Наврўз одатан се ё чор рўз аст ва дар ин рўзҳо муассисаву корхона таътил мекунанд, ки ин низ асосан хосси Тоҷикистон аст.
Аксари ойинҳои наврўзӣ дар кўчаву хиёбонҳо баргузор мешаванд. Дар шаҳри Душанбе як варзишгоҳи бузурге бо номи “Нарўзгоҳ” ва “Кохи Наврўз” мавҷуд аст, ки сохтори меъмории онҳо дар ҷаҳон беназир аст. Дар макони таҷлили Наврўз ҳар минтақаи кишвар хони худро оро дода, бо ҳама якҷо бо ишқу шодӣ ин ҷашни бузурги ниёгонро таҷлил мекунанд. Дар дигар ҳавзаҳои Наврўз аксар вақт ҳар минтақа алоҳида ҷашн мегиранд, аммо дар Тоҷикистон як рўз аз тамоми минтақаҳои он намояндагон ҷамъ меоянд ва бо ҳам Наврўзро ҷашн мегиранд. Ҳангоми таҷлили Наврўз духтарони тоҷик ва ё арўсони баҳорӣ, ки либосҳои рангоранг ба бар доранд, гирду атрофи хони наврўзӣ давр зада, омадани баҳорро табрик мекунанд. Баргузории мусобиқоти гўштӣ, аспсаворӣ ва барномаҳои фарогири суруду мусиқӣ бахшҳои дигари ҷашни Наврўзи тоҷикон аст.
Дар Тоҷикистон ҳамчунин рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврўз ва Соли нави миллӣ тасдиқ шудаанд. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдўзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврўзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Рамзи дуюм намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдўзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон инъикос ёфтааст.
Хулоса
Ҷашнҳои фаромиллӣ ба монанди Наврўз барои ба ҳам наздикшавӣ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, осоишу осудагии ҷаҳониён хидмат мекунад, хосса дар шароити набарду даргириҳои хунин, ки дар заминаи тафовутҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, қавмию мазҳабӣ сар мезананд, зеро Наврўз тантанаи нур, табли осоишу сурур, рамзи зиндагист бар зидди зулмот, ҷанг ва марг. Наврўз дар раванди ҳазорсолаҳои ҷаҳонишавӣ дигаргуниҳоеро аз сар гузаронида, навгониҳоеро пазируфта, ки дастраси мо гардида, хазинаи фарҳангиамонро ғанитар гардонд.
Дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон Наврўз ҳамчун рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи асосии пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрўз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондўстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дўст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Кўшишҳои пайгирона ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигоҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ таконе буданд дар ҷодаи афзоиш бар фарру шукўҳи ҷашни Наврўзи бостон. Пешниҳоди бо давлатҳои ҳамсоя ва минтақа якҷоя ҷашн гирифтани Наврўз ҳам аз иқдомоти Пешвои миллат мебошад.
Абдурозиқ МАРДОНӢ,
рўзноманигор