РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бохтар: Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил шуд

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.

Роҳбарияти вилояти Хатлон ва ҳайати меҳмонон аз ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд. Иброз гардид, ки «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш сабаб гаштааст, ки манзалати худро то замони мо ҳифз намояд».

Басе фараҳбахшу шодиовар аст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб намуда, ҳамасола дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун иди баҳору зебоӣ, ваҳдату баҳамоӣ ва дӯстиву рафоқат таҷлил карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram