Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора аз Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Маркази заминларза дар километри 95-уми самти ҷанубу шарқии шаҳри Хуҷанд дар умқи 20 километр ҷойгир буд.
Қувваи заминларза дар марказ 5.9 балл ва дар шаҳри Душанбе 4 баллро ташкил дод.