РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Муовини вазири маориф ва илм бо намояндагони ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд

28-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо намояндаи ЮНЕСКО Нурбек Тилешалиев ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Худоназар Оджибеков баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур баррасии масъалаи татбиқи муносибати босалоҳият дар рушди таълими фанҳои дақиқ дар Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи маориф буда, дар он ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо дар ин самтҳо баррасӣ карда шуд.
Зиёдулло Абдулзода қайд намуд, ки муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон таъсири амиқ мегузорад. Аз ин рӯ, татбиқи пурраи муносибати босалоҳият ба таълим, махсусан, дар фанҳои дақиқ омили рушди соҳаи маориф хоҳад буд.
Сипас, миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда ироа гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram