РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАВАҶҶУҲ! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари фаромадани тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 31-уми марти соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ (роҳҳои мошингарди “Душанбе-Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор), вилояти Суғд ва ғарби роҳи мошингарди ВМКБ (Душанбе-Дарвоз”, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ – Ишкошим) хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита як бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки ба хотирӣ дурӣ аз ҳодисаҳои нохӯши вобаста ба тағйири обу ҳаво ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ дар чунин рӯзҳо ба шикор, моҳидорӣ дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ нараванд.

Ҳамчунин маслиҳат нест, ки ба ғунучини ҳезум ё ҷамъоварии алафу гиёҳҳои дорувор бираванд. 

Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, бахусус бо роҳҳои Душанбе-Чаноқ ва Душанбе – Хоруғ хеле эҳтиёткор ва ҳушёр бошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram