Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз МИҲД-и шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Коргоҳи «Ширдарёи Бӯстон» ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуда, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистондар шаҳри Бӯстон, директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширдарёи Бӯстон” дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Муқимхон Валаматов таъсис дода шуда, дар он 10 нафар сокинони маҳаллӣ, асосан занону бонувон бо ҷойи кори доимӣ ва музди маоши миёнаи то 1500 сомонӣ таъмин гардиданд.
Зимни ифтитоҳ иттиллоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширдарёи Бӯстон” коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ буда, иқтидори солонаи он то 200 тонна маҳсулоти шириро дар бар мегирад.