РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол хати оби полезиро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангал боздид намуданд

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол хати оби полезиро, ки барои бунёди 150 гектар боғи хуч пешбинӣ гардидааст, ба истифода доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард. Аз ин рӯ, хати оби полезӣ барои бунёди боғи мазкур аз масофаи 5,5 километр кашида шуда, ба таври худҷореъ об то ба ин нуқта мерасад.

Саргаҳи оби полезӣ дар мавзеи Бинокори шаҳр ҷойгир буда, хатти об то боғи навбунёд ба воситаи қубурҳои калонҳаҷми қутрашон 250- миллиметра кашида шудааст ва барои фаъолияти доимӣ иншооти ирригатсионӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи навбунёд барои истифода ба 40 оилаи ҳудуди шаҳр тақсим гардидааст, ки пас аз боровар гардидани ниҳолҳои шинонида ин оилаҳо аз ҳисоби парвариши хуч даромади хуб ба даст хоҳанд овард. Зеро талабот ба он ҳам дар бозорҳои дохилӣ зиёд аст ва ҳам хуч ҳамчун маҳсулоти содиротӣ дар бозорҳои дигар кишварҳо харидор дорад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят феълан коркарди ин навъи маҳсулот дар шакли мураббо ва нӯшобаҳои табобатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст ва боғи навбунёд минбаъд метавонад дар таъмини эҳтиёҷоти чунин коргоҳу корхонаҳо бо маҳсулоти аввалия нақши асосӣ бозад.

Бояд гуфт, ки хати оби полезӣ ва ташкили боғи хуч дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истифодаи самараноки заминҳои ҳудуди шаҳри Истиқлол ташкил шуда, минбаъд имкон аст, ки масоҳати ин боғ то 187 гектар расонида шавад.

Барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонида ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани истеҳсоли хуч, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони шаҳр дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин мавзеъ Пешвои муаззами миллат ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти бахши хоҷагии ҷангал дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни ин бахш, ҳамсони намунаи гиёҳҳои шифобахши бастубандгардида, шарбату афшураҳои гуногуне, ки аз маҳсулоти табиии Тоҷикистон омода шудаанд ва нӯшобаҳои аз анору хуч омодагашта ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоиши мазкур ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта Хоҷагии ҷангали вилоят ба миқдори 103 тонна хуч ҷамъоварӣ намуда, барои коркард ба корхонаҳо ва дигар харидорон пешниҳод кардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид масъулинро муваззаф намуданд, ки минбаъд барои ҷамъоварии босифати маҳсулот ва банду басти замонавии он ҳамаҷониба тадбир андешида, содироти маҳсулоти ниҳоии аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо тамғаҳои гуногун ба кишварҳои мухталиф афзоиш диҳанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram