РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид

Имрўз дар Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” хабар доданд.

Бояд зикр кард, ки озмуни мазкур бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, довталабон тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи озмун аз рўйи 4 (чор) номинатсия:

— қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рўйи қисматҳои «Шоҳнома»;

— дарки маънии порчаҳои азёднамуда ва шарҳу тавзеҳи байтҳои алоҳида, луғатдонӣ;

— тасвири расми беҳтарин аз рўйи корномаҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома»;

— намоиши саҳнача аз рўйи достонҳои «Шоҳнома» байни ҳам сабқат хоҳанд кард.

Ба ҳунару маҳорати иштирокчиёни озмун ҳайати ҳакамон аз ҳисоби донишмандон ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа баҳогузорӣ карда мешавад.

Даври шаҳрии озмун 2 (ду) рўз- 31 март ва 1 апрели соли 2023 баргузор мегардад.

Даври шаҳрии озмуни мазкурро директори Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Раҳимӣ Комил Маҳмадраҳим бо суханони ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳайати ҳакамони озмунро муаррифӣ намуд. Сипас хонандагони синфҳои 5-8 донишу маҳорати андўхтаи худро аз рўйи номинатсияҳои зикргардида пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram