30-31 марти соли 2023 бо ташаббуси Бонки Исломии Рушд вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии минтақавӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин иштирок намуд. Дар ин бора аз азорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Инчунин дар вохӯрӣ намояндагони воломақоми кишварҳои Осиёи Маркази, аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ширкат варзиданд.
Нуриддинзода А. Н. дар рафти суханронии худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хосса медиҳанд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ боз ҳам рушд ёфтаанд.
Ҳамзамон дар доираи вохӯрии мазкур масъалаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, иқтисоди сабз, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика ва муайянсозии равандҳои ҳамгироӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳокима гардиданд.
Дар вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки вохӯрии имрӯза барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди минтақавӣ боз як қадами устувор мебошад.
Инчунин дар доираи чорабинии мазкур Нуриддинзода А. Н. бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд (БИР) дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ ва намояндаи Бонки Осиёгии Инфрасохтор ва Сармоягузорӣ (AIIB) Казуҳиро Номото вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуда, дар рафти он вобаста ба лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону бонкҳои номбурда мубодилаи афкор намуд.