1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва истиқоматии “Сомон плаза”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамдастӣ-2013” Исломҷон Солиев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти соҳаи меъморию шаҳрcозӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст. Иншоот аз ду бинои 13-ошёна иборат буда, тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба санъати меъмории миллии он зебоии маркази маъмурии вилояти Суғдро таъмин менамояд.
Дар таҳхона ва ду ошёнаи аввали бинои якуми маҷмаа Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил” ташкил карда шудааст. Марказ бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Насим Мирпочоев дар ҳамкорӣ бо табибон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин аст.
Дастгоҳу таҷҳизоти васлу насбшуда истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Олмон, Ҷопон, Корея, Чин ва Амрико мебошанд. Дар иншооти тандурустӣ ташхису табобати пурраи дил ва рагҳои хунгарди организми инсон анҷом дода мешавад. Ангиографии “ВI-planе”-и дар ин ҷо васлу насбгардида, аз навтарин таҷҳизоти тиббӣ маҳсуб ёфта, бори аввал ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Бо ин таҷҳизот имкон аст, ки дил ва рагҳои хунгарди организми инсон бе ҷарроҳӣ ва беҳушкунӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба таври комил ташхису табобат карда шаванд.
Дигар номгӯи таҷҳизот, аз қабили ултрасадо, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, рентген ва ғайра низ навтарин буда, бо ҳар кадоми он ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии беморон имконпазир мебошад.
Қабул, ташхис ва табобати беморон дар марказ бо низоми мутамаркази электронӣ сурат мегирад. Ин низом барои сарфа кардани вақти беморон ва ҳам табибону дигар кормандони марказ мусоидат менамояд. Шуъбаи эҳё бо катҳои функсионалӣ ва дигар таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин аст.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки ҳуҷраҳои кории табибон, озмоишгоҳ, ҳуҷраи рентген, ҳуҷраҳои безараргардонию шустушӯӣ, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва бойгонии иншоот низ бо истифода аз пешрафтатарин технология ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд. Дар марказ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёну магистрантони соҳа шароити зарурӣ муҳайё мебошад. Дар толори лексионӣ монитор бо ҳуҷраҳои ташхис, ҷарроҳӣ ва табобатӣ ба таври онлайн пайваст карда шудааст, ки тавассути он дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин барои табибони оянда дастгоҳи ангиографии алоҳидаи омӯзишӣ васл шудааст, ки ин таҷрибаи нав ва пешқадам дар мамлакат маҳсуб меёбад. Дар Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил” мутахассисони варзидаи маҳаллӣ, табибон аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон кор мекунанд. Табибони марказ бо мутахассисони соҳаи тиби ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркия ҳамкории зич дошта, миёни ҳам пайваста табодули таҷриба менамоянд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар марказ 70 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст ва муассисон нақша доранд, оянда бо васеъ намудани доираи фаъолият шумораи кормандонро ба 100 нафар расонанд.
Озмоишгоҳи марказ аз панҷ ҳуҷра иборат буда, дар он бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти навтарин 35 намуди таҳлили тиббӣ саривақт ва бо сифат гузаронида мешавад.
Дар Маркази ташхисию табобатии “Дастаи дил” 120 ҳуҷраи табобатию бистаригардонӣ ва ёрирасон мавҷуд буда, дар як рӯз ба 100 нафар ниёзманд хизмати тиббӣ расонида мешавад. Дар як вақт имкон аст 50 нафар бемор ба табобат фаро гирифта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ташкил гардидани боз як иншооти муосири ташхисию табобатии бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазро дар шаҳри Хуҷанд омили муҳим дар ҳифзи солимии аҳолӣ маънидод карданд.
Ошёнаҳои болоии иншоот ҳамчун хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ шудаанд. Дар бино 126 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ мавҷуд мебошад. Иншоот бо гармидиҳӣ ва хати алоҳидаи барқ пайваст аст. Аз рӯи нақша оянда дар ин ҷо боз 5 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида, ҳамчунин сохтмони майдончаи варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон ва ҷой барои истироҳати сокинон дар назар дошта шудааст.