5 апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи “Умари Хайём” даври дуюми (ноҳиявӣ) Озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” оғоз гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” хабар доданд.
Озмунро муовини Раиси ноҳияи Сино, ҳамзамон Раиси комиссияи озмуни мазкур Сафарализода С.С. ифтитоҳ намуда таъкид намуданд, ки озмуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ дар ду давр (хаттӣ ва шифоҳӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад:
— “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон);
— “Эссе” (бо се забон);
— “Қироати шеър” (бо се забон);
— “Имло” (имлои дурусти калима дар матн);
— “Тарҷума” (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ бо забонҳои русиву англисӣ).
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” 270 нафар хонандагоне, ки дар даври муассисавӣ ғолиб омада буданд, фаро гирифта шуданд.
Аз ин шумора, 129 нафар хонандагон аз ҳисоби ғолибони синфҳои 9-11 ва 141 нафар хонандагон аз ҳисоби ғолибони синфҳои 5-8 мебошанд, ки 95 нафар хонандагон аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 175 нафар хонандагон аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо ташкил медиҳанд.
Боиси зикр аст, ки озмун санаи 5-6-уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи “Умари Хайём” баргузор мегардад.