РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДБЗТ. Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз шуд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6-уми апрели соли 2023 даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни донишҷӯёни факултетҳо баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ректори муассиса Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои бузургу мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба китобхониву донишандӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷиву фанҳои дақиқ ёдовар шуда, инчунин, изҳор дошт, ки ғолибони ҳама марҳилаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Донишгоҳ дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешаванд.

  • Дар идома сардори раёсати илм ва инноватсия Фаридун Миракзода, мудири кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ – риёзӣ Нуриддин Султонҳайдаров ва раиси даври донишгоҳии озмун Ҳикматулло Абдуллозода ба иштирокчиён тавсияву маслиҳатҳои муфид дода, шарту талаботҳои асосии озмунро ба ҳамагон муаррифӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки барои муайян кардани ғолибон аз рӯйи самтҳо аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба бо фармоиши ректори Донишгоҳ ҳайати ҳакамон таъсис ёфта, баъди пешниҳоди хулосаи ниҳоии онҳо ғолибон муайян ва ба даври навбатии озмун роҳ меёбанд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram