Дар асоси Нақша-ҷадвали вохӯриҳо барои соли 2023 ва мувофиқаи бо роҳи дипломатӣ бадастомада дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 1 – 7 апрели соли 2023 вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Ҷонибҳо муҳокимаи масоили делимитатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро дар вохӯриҳои минбаъда идома медиҳанд.
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.