РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳалла баргузор мегардад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора рӯзи 4 апрел қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр карда мешавад.

Ба ғолибон — соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми бахшҳои «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин» мутаносибан 6000 сомонӣ, 4000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ супорида хоҳад шуд.

Ба ғолибони бахшҳои «Шаҳри беҳтарин» ва «Ноҳияи беҳтарин» бошад мутаносибан 10 000 сомонӣ, 6 000 сомонӣ ва 3 000 сомонӣ тақдим мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram