Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский аз 7 то 16 апрел дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҷашнвораи театрии «Встречи в России» (Вохӯриҳо дар Русия) иштирок мекунад. Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.
8 апрел ҳайати эҷодӣ ба тамошобинони рус аз рӯи песаи Александр Островский намоиши «За чем пойдёшь, то и найдёшь».-ро пешкаш мекунанд. Нақшҳоро ҳунармандони театр иҷро мекунанд.
Намиоишро коргардони ҷавони театр Хуршед Мустафоев ба саҳна гузоштааст.
Ҷашнвораи XXV байнулмилалии театрҳои русӣ Встречи в России» (Вохӯриҳо дар Русия дар соли 2023 ба 200-солагии зодрӯзи Александр Островский бахшида шудааст.
Дар Ҷашнвораи XXV байнулмилалии театрҳои русӣ намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Арманистон, Туркманистон, Абхозистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус ва Русия итирок мекунанд.