Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарият вилояти Суғд бо ҷараёни кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва захираи об дар обанбори «Зарринруд»-и шаҳри Истаравшан шинос шуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Ҳайати мазкур нахуст аз заминҳои хоҷагии деҳоти «Пошкент» дидан намуда, барои самаранок истифода бурдани замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти картошка дар байни қатори дарахтон ва гирифтани 3-4 ҳосил изҳори қаноатмандӣ кард.
Зимни боздид аз обанбори «Зарринруд»-и шаҳри Истаравшан иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар обанбор зиёда аз 22 млн метри мураббаъ захираи об мавҷуд буда, дар ин давра зиёда аз 3 млн метри мураббаъ об барои мондани яхоб ба хоҷагиҳо дастрас карда шуд.
Тавсия дода шуд, ки барои самаранок истифода бурдани об, ҳарчи бештар захира кардани он ва тибқи меъёр ба хоҷагиҳо дастрас намудан тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар деҳоти «Нофароҷ» Вазири кишоварзӣ ва ҳайати ҳамроҳ бо ҷараёни бунёди боғи интенсивӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Ҳаким-шер» бо кандани чоҳи амудӣ соли равон зиёда аз 7 га замини чарогоҳи талу теппаро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, барои бунёди боғи себу чормағз ниҳолҳои интенсивӣ дастрас кардааст. Алҳол дар ҳудуди зиёда аз 5 га боғ бунёд гардида, шинонидани ниҳолҳо идома дорад. Роҳбари хоҷагӣ гуфт, ки баъди анҷоми шинонидани ниҳолҳо дар байни қаторҳои ниҳол картошка кишт менамояд.
Вазири кишоварзӣ зимни суҳбат бо кишоварзон ва масъулини соҳа барои истифодаи мақсадноки ҳар ваҷаб замин тавсия дод.