Таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихию фарҳангии долонҳои шоҳроҳи бузурги абрешим омилҳои асосии ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конфронси минтақавии илмӣ-назариявии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Дар конфронси мазкур сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — Мирзошариф Абдусаломов, сармутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ — Наботов Муҳаммадҷон, Директори МД «Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба муҳофизат ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» — Зоирхони Отахон, коршиносони Институти тадқиқотии байналмилалии Осиёи Марказӣ — Эркин Махмудов ва Беркутов Руслан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Денис Сорокин ва Михаил Гурулев аз Ҷумҳурии Қазоқистон, нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии шуъбаи фарҳанги МИМҲД шаҳри Панҷакент — Шодмонбоева Шабнам, директори Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд — Саидов Умар, бостоншинос, номзади илмҳои таърих — Қурбонов Шароф, ходими илмии Пойгоҳи бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадим — Отабоев Одил, устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои таърих — Исроилов Салоҳиддин, донишҷўёни бахши таъриху бостоншиноси ДОТ ва кормандони илмии осорхона иштирок намуданд.
Дар оғоз директори осорхона — Мақсуд Мизробзода ширкатдоронро хайрамақдам ва ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику таҳният намуда, бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Мизробзода оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ маълумот дода, қайд намуд, ки дар боби 2. моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: » Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».
Сипас, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ — Мирзошариф Абдусаломов иброз дошт, ки миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла , қалъаю шаҳрҳои бостонӣ, мақбараи шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳо ва дигар мероси моддию маънавии халқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки айни замон ба рӯйхати пешакии мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО нуҳ адад объектҳои мероси таърихию фарҳангии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, долони «Зарафшон-Қароқум «, ёдгориҳои Ҳисорак (Кӯҳистони Мастчоҳ), Муғ, (Кум), Гардани Ҳисор (Айнӣ), Тали Хамтӯда, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, қалъаи Санҷаршоҳ, системаи обёрикунии Тӯхсанкорез ва Панҷакенти қадим шомил гардида, бад-ин тариқ миллати бостонӣ будани тоҷикон ба ҷаҳониён боз ҳам равшантар мегардад.
Денис Сорокин — коршиноси Институти тадқиқотии байналмилалии Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхтани ёдгориҳои таърихӣ бо истифодаи технологияи муосир ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ин едгориҳо ба ЮНЕСКО ва ИСЕСКО баромад намуд.
Директори Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд — Саидов У., бостоншинос Қурбонов Ш., устоди ДОТ Исроилов С., донишҷӯ Муродқулзода Ш. таклифу пешниҳодоти худро ҷиҳати ҳифз ва истифодаи мақсадноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ баён намуданд.
Иштирокдорони конфронс андешаҳои худро оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ иброз намуда, ба хулоса омаданд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” аз ҷониби мақомоти ваколатдор пурра амалӣ гардида истодааст ва ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.