Шуруъ аз имрӯз аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ барои тамоми воситаи нақлиёт маҳдудият ворид карда мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бо сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров марҳила ба марҳила (аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) маҳдудият ворид карда мешавад.
Аз ин рӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки бо назардошти муваққатан маҳдуд гардидани қисматҳои алоҳидаи роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.