РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Айнӣ. Дар партави озмуни ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» озмун ва намоиши китоб баргузор шуд

Дар партави Озмуни ҷумҳурияи ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» бо ташаббуси китобхонаи ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ва Хонаи фарҳанги ноҳия ҳафтаи китоби кӯдакон ва озмуни «Тоҷикон — дар оинаи таърих» гузаронида шуд.

Дар озмун намояндагони касбу кори гуногун ва хонандагон иштирок карданд. Ғолибон ба даври ноҳиявии озмун пешниҳод карда шуданд.

Гуфта шуд, ки иштирокдорон омӯзиши таърихро яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин китоби таърихии «Тоҷикон» тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос карор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат мегардад. Зеро он инъикосгари ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram