РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДДХ конференсияи илмӣ-анъанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик оғоз шуд

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуроа қисми ифтитоҳии конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик таҳният гуфт. Зикр шуд, ки пас аз истиқлоли давлатӣ ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи илму маориф ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидкунандаи нерӯҳои зеҳнӣ, ақлонӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ эътибори доимӣ зоҳир менамояд. Сарвари Донишгоҳ дар идомаи суханронияш афзуд, ки ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва дастгирии аҳли илму маориф самара дода истодаан. Маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, давоми чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон Рўзи илми тоҷик бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоти Суғд, Тоҷибой Султонӣ баромад намуда, иброз дошт, ки таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси пешрафту шукуфоии соҳаи маориф гардид.
Сипас, профессор Насимҷон Ҳамробоев дар мавзуи “Талошҳои пайваста ва иқдомҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳифзи захираҳои обӣ”, профессор Нуралӣ Нуров дар мавзуи “Наврӯз ҳадяи маънавии тоҷикон ба тамаддуни ҷаҳон”, дотсент Турдӣ Турдиев дар мавзуи “Пиряхҳо ва масъалаҳои ҳифзи онҳо дар шароити тағйирёбии глобал- регионалии иқлим” ва дотсент Насимҷон Умаров дар мавзуи “Ҳадаф ва рисолати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар факултет ва кафедраҳои донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар давоми ҳафта дар бахши устодон ва олимони ҷавон 808 маърўза, докторантону магистрантон 316 маърўза, бахши донишҷўён 735 маърўза ироа хоҳанд гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram