14 апрели соли 2023 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрӣ барпо кард.
Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карда, тамаркуз ба татбиқи тавофуқоти сатҳи олӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои гарму дӯстона сурат гирифт.