РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб толори Шӯрои олимон ба истифода дода шуд

18 апрел бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ толори Шӯрои олимон ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ба ин муносибат дар толор ҷаласаи Раёсати донишгоҳ гузаронида шуд. Зимни он гуфта шуд, ки «созандагӣ ҳадафи аввалиндараҷаи роҳбарияти донишгоҳ ба шумор рафта, ободсозиву хуррамгардонӣ дар оянда низ идома меёбад. Кӯшиш мекунем, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри шукуфоии Ватани азизамон камари ҳиммат бандем».

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ташкили чунин толорҳои барҳаво дар ҳар факултет ба нақша гирифта шуда, зина ба зина ин созандагӣ идома дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram