РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе. Ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ-касбӣ доир гардид

18 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва ҳамраисии хонум Сара Риналди – сардори шуъбаи Шарқи Наздик/Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ, Директорати генералӣ оид ба ҳамкории байналмилалии Комиссияи Аврупо ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба таҳсилот ва тайёрии техникӣ/касбӣ ва Барномаи дастгирии буҷетии бахши шуғл баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба амалишавии Барномаи нави дастгирии буҷети давлатӣ, ки солҳои 2023 – 2025-ро фаро мегирад, мавриди муҳокима қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки барнома фарогири масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани низоми таҳсилоти касбии техникӣ, бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, инчунин рақамикунонӣ дар ин соҳаҳо, масъалаҳои марбут ба идоракунии молияи давлатӣ ва таъмини шаффофият дар соҳаи мазкур мебошад

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкорӣ дар ин самтҳо ба рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони нав бахшида, татбиқи чунин барномаҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат инъикос ёфтаанд, равона карда мешавад.

Дар фарҷом ҷонибҳо ҷиҳати баргузории вохӯриҳои навбатӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram