17 апрели соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргох дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзодаро мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим ал-Аъраҷӣ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.