19-уми апрели соли 2023 гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таҳияи филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо шумули наворбардори таҳиягар Ҳусан Алиҷонов, рассоми таҳиягар Исобек Эгамбердиев, директори филм Эркабоев Маҳмуд ва коргардони лоиҳаи “Ситораи ноаён” Меҳрубон Ализода бо мақсади интихоби маконҳои наворбардорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон тӯли се рӯз аз маконҳои таърихию сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз масҷиди Ҳазрати Мавлоно, Кохи Наврӯз, Қалъаи Ҳисор ва манзараҳои дилфиреби шаҳри Норак дидан намуда, маконҳои мувофиқро барои наворбардории саҳнаҳои филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” интихоб менамоянд.
Зуҳри имрӯз гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди пазироии директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” қарор гирифта, аз павилионҳо, толори мактаби синамогарони ҷавони Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров дидан намуд.
Хотирнишон месозем, ки филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйи пардаи синамо оварда мешавад.
Сафари гурӯҳи эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 22-юми апрели соли равон идома хоҳад ёфт.
Маъмурияти “Тоҷикфилм”