Тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Нурддинҷон Исмоилов дар Тошканд баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ додааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар партави сиёсати Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон робитаҳои ду давлати ҳамҷавор дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ босуръат рушд ёфта, мазмуну мундариҷаи нав касб намудааст.
Ҳамчунин мусоҳибон тақвияти ҳамкории самаранокро байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ибрози назар карданд.