Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди саиди Фитр ба қисмҳои низомӣ маводи озуқаворӣ дастрас гардида истодааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба якчанд қисмҳои низомии воқеъ дар шаҳри Исфара ташриф оварда, афсарону сарбозонро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик гуфт. Зимни суҳбат роҳбари вилоят қайд намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти қисмҳои низомӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ, интизоми ҳайати шахсӣ ва омодагии ҷангии онҳо таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, баҳри беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои заруриро андешида истодааст.
Таъкид карда шуд, ки вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардида, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва омодабошии ҷангӣ аз тайёр кардани кадрҳои соҳибкасбу содиқ ба халқу давлат, рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад.
Зимни дидорбиниҳо ба қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои воҳиди таъиноти махсус ва дастаи таъиноти махсуси милитсия маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орд, равған, меваҷоту шириниҳо, картошка, пиёз, сабзӣ, макарон ва ғайраҳо дастрас гардид.