Ба 119 тарбиятгирандаи Мактаб- интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз кумаку туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ба тарбиятгирандагони ин муассиса расонида шуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳдошти рӯзгору таълими онҳоро дар мадди аввали сиёсати худ қарор дода, барои дар оянда идома додани таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ имконоти дастрас фароҳам сохтааст.
Хамчунин таъкид гардид, ки аз гузашта то ба имрӯз бештари мутахассисони баландпояи Тоҷикистон хатмкардагони маҳз чунин мактаб-интернатҳо мебошанд. Тақдими туҳфаҳо, ки иборат аз сару либос буд, сабаби хушҳолию қаноатмандии кулли тарбиятгирандагон гардид. Онҳо бо ифтихор аз доштани чунин Сарвару давлат худро хушбахттарин фарди ҷомеа мешуморанд ва подоши ин ғамхориҳоро хониши хубу аъло ва содиқ будан ба ин миллату сарзамин медонанд.