16 апрел туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расонида шуд.
Гуфта шуд, ки тарбиятгирандагони интернатҳои наздимактабии рақамҳои 1 ва 2-и ноҳияи Дарвоз зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Дар расми тақдими туҳфаҳо ба тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ таъкид карда шуд, ки ғамхорӣ зоҳир намудан дар ҳаққи табақаи эҳтиёҷманди мамлакат, аз ҷумлаи тадбиҳои башардӯстона ва беҳтарин амал дар муносибати байни инсонҳо ба ҳисоб меравад.
Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва нигоҳубини кудакони ятиму бепарастор ва дорои имконияти маҳдуд тамоми шароитро фароҳам овардааст,ки то ин насли кудакону наврасон бо таълиму тарбияи баланд ба камол расида, барои Ватан ва миллат хизматҳои шоистае карда бошанд.