РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хонандаи тоҷик дар олимпиадаи аврупоӣ байни намояндагони 55 давлат ҷойи сеюмро соҳиб шуд

Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Аниса Буриева дар Олимпиадаи 12-уми аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) байни 55 давлати дунё Парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардошта, соҳиби ҷойи сеюм гардид. Дар ин бора аз ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Олимиадаи мазкур аз 13 то 18 апрел дар Ҷумҳурии Словения баргузор гардида, дар он 213 хонанда аз ИМА, Чин, Австралия, Олмон, Канада, Англия, Ҷопон, Исроил, Бразилия, Фаронса, Мексика, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Колумбия, Юнон ва дигар давлатҳои мутараққӣ иштирок доштанд.

Ҳамзамон хонандаи дигари ин муассиса Фараҳноз Нормуродзода сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.

Ба даст овардани ду ғалаба дар чунин Олимпиадаи байналмилалии эътирофшуда нишонаи рақобатпазир будани низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, ин дастоварди беназир натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram