РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузории Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» семинари омӯзишӣ доир шуд

20 апрел бо иштироки муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, директори Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии ба номи М.Олимов» Ҷурахонзода Сироҷиддин ва сардори Раёсати фарҳанг дар Вилояти Суғд, Бахтиёр Қосимов бо кормандон ва масъулони раёсат, шуъбаҳо, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ба вилояти Суғд бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба озмуни мазкур ва шиносоӣ аз муассисаҳои фарҳанги вилоят ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ҳамроҳӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид.

Ин тағйирот ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки хушбахтона имсол натанҳо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони қобилияти баланди эҷодӣ дошта, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок карда метавонанд.

Please follow and like us:
Pin Share
YouTube
Telegram