РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ихтироъкори тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот дар Москва сазовори медали нуқра гардид

Ихтироъкори тоҷик дар Намоишгоҳи 26-уми байналмилалии ихтироот ва технологияҳои инноватсионии Москва «Архимед» соҳиби ҷойи ифтихорӣ шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд.

Иштироккунандагони намоишгоҳ намояндагони 221 ташкилот аз 27  давлат ва 35 минтақаи Федерасияи Русия буданд, ки ба намояндагони васеи илмӣ-техникӣ қариб 600 лоиҳа ва ихтирооти навоваронаро намоиш доданд. Аз ин теъдод 198 адади он аз тарафи муаллифон ва соҳибони патенти хориҷӣ пешниҳод гардид.

Аз ҷониби Комиссияи тахассусии коршиносон ва ҳакамони байналмилалӣ озмунҳо ҷамъбаст гардида, иштирокчиён бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии намоишгоҳ ва туҳфаҳои махсус мукофотонида шуданд.

Бо қарори ҳакамони байналмилалӣ ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрат Ғайбуллоева барои ихтирои «Тарзи ҳосилкунии моддаҳои барқароркунанда ҳангоми коркарди ангишт» бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram